ҲАРАКАТИ ВОЛОНТЁРӢ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Ҳаракати волонтёрӣ барои ҷомеаи муосир падидаи нав нест, вале усулҳои амалисозӣ, таъсирбахшӣ ва ҳадафмандии он равандҳои нав касб кардааст.

Фаъолияти волонтёрӣ, яке аз навъҳои фаъолияти хайрхоҳонаи муосир буда, дар ҷаҳон, ҳамчунин дар Тоҷикистон дар давраи гузариш ба вуҷуд омадааст.

Солҳост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ихтиёрӣ амал мекунад, аммо дар шаклҳои гуногун. Вақте, ки як нафар мӯҳтоҷи ёрӣ мешавад, фавран ба вай кӯмаки муносиб расонида мешавад ва ё агар дар ягон деҳа ягон шахс ба сохтмони хонааш шурӯъ кунад, тамоми истиқоматкунандагони деҳа ба кӯмаки ӯ ба таври «Ҳашар» ҳозир мешаванд.

Ҳамчунин, фаъолияти волонтёрӣ дар шакли Ҳашар дар таърихи Тоҷикистон мавриди сохтмони дарёи Вахш солҳои 50-уми асри гузашта истифода гашта буд, ки дар он марду зан ва пиру ҷавон иштирок карда буданд.

Имрӯз волонтёрӣ тамоман як шакли дигар дошта, аз рӯи намуди ёрӣ дастрас ва васеъ мебошад. Он бештар барои дастгирӣ ва ба бартараф кардани мушкилоту ниёзҳои оммавӣ ва ҷамъиятию давлатӣ равона гаштааст.

Самтҳои фаъолияти волонтёрӣ гуногун мебошанд ва дар бисёр кишварҳо ба таври хос ба роҳ монда шуддаст, вале дар баробари ин самтҳои муайяни волонтёрӣ низ дар тамоми ҷаҳон дар як васл истифода мегарданд. Чунин намудҳо волонтёрӣ бештар ба самти варзиш рабт дода мешавад.

Барои мисол, хизматрасонии волонтёрӣ дар риштаи варзиш оғоз аз соли 1952 ба таври васеъ мавриди ташкили Бозиҳои олимпӣ истифода мегардад. Дар ҳамин сол дар Хелсинк 2191 волонтёр ҷалб гашта буд. Ин рақам соли 1996 60000 дар Атланта, соли 2008 500000 дар Пекин ва соли 2013 25000 волонтёрро дар Сочӣ ФР ташкил медиҳад.

Умуман суръати ҳаракати волонтёрӣ дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Соли 1987 теъдоди умумии волонтёрон дар ҷаҳон 80 млн. нафарро ташкил дода, он то соли 1998 ба 109 млн. нафар расидааст. Аз ин шумора 77,5% теъдоди волонтёрон ба ИМА рост меояд.

Дар ИМА имрӯз 62 млн. волонтёрон фаъолият менамоянд, ки 13,7% аҳолии ин кишварро ташки медиҳад[1]. Теъдоди волонтёрон дар Канада бошад 12 млн. нафарро ташкил медиҳанд, ки 34,2% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд.

Яъне, ҳаракати волонтёрӣ дар ҷаҳони муосир ба касб табдил дода шудааст.

Шахсони зиёд иштирок дар ҳаракати волонтёриро ба хайрхоҳӣ ва такмил додани таҷриба ва малакаи тахассуси рабт медиҳанд. Яъне, дар шароити муосир волонтёрӣ на танҳо хайрхоҳӣ, балки майдони тақвият додани дониш ва малакаи кории касбӣ ва таҷрибаомӯзӣ мебошад.

МАТНИ ПУРРАИ МАВОД

 

[1] http://www.bls.gov/news.release/volun.nr0.htm

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: